Ба гузориши хабаргузории "Абна", эътирозгарон дар Туркия якшанбеи шаб пас аз вуруди полиси ин кишвар ба бинои Ҳизби мухолифи Ҷумҳурихоҳи Халқ бо полис даргир шуданд.
Дар пайи ин иқдоми полиси Туркия пас аз тасмими додситонӣ барои тағйири раиси шохаи устонии Ҳизби Ҷумҳурии Халқ дар устони Истанбул, кӯчаҳои ин шаҳр, шаби гузашта, саҳнаи эътирозҳо алайҳи Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсеа шуд.
Давлати Эрдуғон низ мамнуъияти тазоҳуротро дар 6 маҳаллаи шаҳри Истанбул эълом ва дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд кард.
Шабакаи "Русия ал-Яум" низ гузориш дод, ки имрӯз, душанбе, ҳазорон нафар аз ҳаводорони ҷараёнҳои мухолифи давлат дар Истанбул даст ба таҷаммӯъ задаанд ва гуфта мешавад ин сароғози як таҳассуни бузург дар ин шаҳр бошад.
Бино ба эъломи хабарнигори "Русия ал-Яум" дар Туркия, нерӯҳои полис ва ягонҳои зиддишӯриши Туркия ба таври густурда дар маҳал ҳузур ёфтаанд то авзоъро таҳти контроли худ дошта бошанд.
Ҳамзамон ин хабарнигор гузориш дод, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла X, Instagram, Facebook ва TikTok бо ихтилоли ҷиддӣ рӯбарӯ шудаанд ва ҳамзамон корбарон бо кундии шадиди интернет мувоҷеҳ ҳастанд.
Бар асоси ин гузориш, YouTube ба таври комил аз дастрасӣ хориҷ шуда ва WhatsApp ва Telegram низ бо беш аз 90 дарсад ихтилол мувоҷеҳанд.
Your Comment